МУАЛЛИМ — САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои маорифпарвари тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомал Раҳмон ҳамеша кушиш ба харҷ дода истодаааст, ки соҳаи маорифро ба яке аз соҳаҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ табдил диҳад, сатҳу сифати таҳсилро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар ва савияи дониши хонандагону донишҷӯёнро баланд бардорад. Бо кадрҳои ҷавону донишманд таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ яке аз тадбирҳои асосии расидан ба ин мақсадҳо мебошад. Ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ҳазорҳо нафар ҷавонон ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва онҳоро лозим аст, ки ҷавобан ба ин ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои кишвар рафта, баҳри баланд бардоштани соҳаи маорифи ҷумҳури саҳми арзандаи худро расонанд.

Бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262 дар бораи  «Тартиби тақсимот ва ба ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон аз 09.02.2022  таҳти №165 дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022 санаи 3-юми май дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои ройгони соли таҳсили 2021-2022 гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ Сафарзода Садафмоҳ – сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумахон Самиев- сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва 21-нафар кормандони шуъбаҳои шаҳру ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Чорабиниро директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Одиназода Л.А. ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ба ин даргоҳи илму маърифат хушомадед намуданд. Дар идомаи чорабинӣ директори муассиса мақсади асосии чорабиниро баён намуда, риштаи суханро ба Сафарзода Садафмоҳ – сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумахон Самиев- сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе доданд. Ҳозирин ба роҳбарияти муассиса барои дар сатҳи баланд ташкил намудани чорабинӣ изҳори сипос намуданд ва тибқи дархост ва талаботҳо рӯйхати 279 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои ройгонро пешкаши нимояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонданд. Ҳамин тавр барои ҳамаи онҳо  ҷои корӣ муҳайё гардид. Роҳбарияти муассиса ва намояндаи Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири чорабинӣ аз ҳамаи намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дархост намуданд, ки барои мутахасисони ҷавон беҳтарин шароитҳоро фароҳам оранд ва барои дар оянда идома додани таҳсил ба онҳо машваратҳои судманд диҳанд.