Санаи 26-уми апрел роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо хатмкунандагони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ вохӯрӣ доир намуданд. Ҳадаф аз вохӯрии мазкур муаррифии шароиту имконоти таҳсил ва ҷалби беҳтаринҳо ҷиҳати идомаи таҳсил ба ихтисосҳои Донишгоҳ арзёбӣ гардид. Бояд гуфт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои идомаи таҳсили хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити созгор фароҳам овардааст. Донишҷӯёни муассиса бо истифода аз имконоту шароити таҳсил дар Донишгоҳ пас аз хатми коллеҷ худро дар шароити фаъолияти касбӣ эҳсос менамоянд. Байни донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ суҳбати ошкоро оид ба вазъи қабул ва шароити таҳсил баргузор гашт
Дар фарҷоми вохурӣ туҳфаи роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаи мазкур тақдим гардид.