Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани савияи донишу ҷавонону наврасон тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Бо ин мақсад озмунҳои гуногун дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гашта истодаанд, мактабу донишгоҳҳои замонавӣ бунёд ва бо беҳтарин таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

  Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17.04.2022 дар Маркази ТИК озмуни гирандагони стипендияи Раиси шахр баргузор гардид. Боиси хурсанд, ки 4-нафар донишҷӯёни мо дар ин озмун иштирок намуда, сазовори гирандагони стипендияи Раиси шаҳр гаштанд. Санаи 19.04.2022 дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  қадрдонии ғолибони ин озмун баргузор гардид. Ғолибон аз тарафи маъмурияти муассиса бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

  Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъомади мазкур намояндагон аз вазорату мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Сараввал роҳбарияти муассиса н.и.п. Одиназода Латофат Амиршо ҷамъомадро ифтитоҳ намуданд ва баъдан меҳмонон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиров Ҷалолиддин ва Гулзод Маҳкам Ҷумъа муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ғолибон ва аҳли кормандони муассисаро ба ин дастовард табрик намуданд.