Търихи 2-юми октябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони   «Омӯзгор —  муҳандиси  руҳи  инсон»  баргузор  гардид.  Дар  ҷашн  роҳбарияти муассиса ва қисми зиёди омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд. Чорабиниро нахуст директори  таълимгоҳ  номзади  илмҳои  педагогӣ,  дотсент Одиназода Латофат Амиршо ҳусни  оғоз бахшида,  доир ба мақому манзалати омӯзгор нутқ ироа намуд. Мавсуф қайд кард,  ки таваҷҷуҳи  давлату  Ҳукумат  ба соҳаи маориф дар мадди аввал истода, мақоми омӯзгор  ҳамеша  дар  арсаи  баланд  вуҷуд  дорад.  Устод,  омӯзгор  ва муаллимро хурду бузург  эътироф  мекунанду  ҳурмату  эҳтиром  ва  қадру  манзалаташро  ба ҷо меоранд. Аз ин рӯ, маълум мешавад,  ки омӯзгор  чун офтобест  дар рӯзгори  инсон.  Дар идома  барномаи  фарҳангӣ  омоданамудаи  донишҷӯён  ба  чорабинӣ  ҳусни дигар бахшид.  Дар интиҳо ба фаъолони бахшҳои гуногун ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи худи муассиса тақдим карда шуд.