Санаи 03.07.2021 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ҷаласаи ҳисоботии интихоботии ташкилоти ибтидоии “Донишвар” баргузор гардид. Ифтитоҳи ҷаласаро раиси ташкилот Одиназода Л. А. оғоз намуда, меҳмонон ва аъзоёни ташкилотро бо ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар идома, риштаи сухан барои гузаронидани ҷаласа ба раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор дода шуд. Дар аввал тибқи тартиби баргузории ҷаласа, интихоби нави ҳайати раёсати ташкилот, Раис, котиб ва муовини он муайян гардиданд. Ҳамчунин дар анҷом ҳисоботи 6-моҳаи раиси ташкилот низ шунида шуд.