Санаи 25.05.2021 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистони Федератсияи Россия ва сардори раёсати равобити хориҷии ин донишгоҳ бо хатмкунандагон доир гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони ин донишгоҳи бузург оид ба масъалаҳои дузинагии таҳсил суҳбатҳо гузаронида шуд. Қайд гардид, ки пас аз хатми Коллеҷи омӯзгорӣ ва гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хатм (диплом) донишҷӯён метавонанд ба зинаҳои магистратура, бакалавриат ва доктор Phd дохил шуда, таҳсили худро идома диҳанд.
   Мавсуф афзуданд, ки дар Донишгоҳ мутахассисон дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба монанди Экология ва истифодаи табиат, Забоншиносӣ, Забон ва адабиёти рус, ҳамчунин мутахассисон ва олимон дар бахши илмҳои дақиқ: математика, физика, химия ва чандин ихтисосҳои дигар метавонанд таҳсил намоянд.
   Пешниҳоди ноиби ректори донишгоҳи номбурдаро хатмкунандагони муассиса хуш пазируфта, суолҳо низ пешниҳод намуданд.
   Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва фазои сулҳу амнияти Тоҷикистони соҳибистиқлол шогирдону донишҷӯёни мо низ ҳамқадами замон буда, кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз ин равобити фарҳангӣ дар бонуфузтарин донишгоҳҳо таҳсил намоянд.