Дар санаи 8-уми май дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 9-май Рӯзи Ғалаба чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Қаҳрамонон намемиранд” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Одиназода Латофат Амиршо ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонон, омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни муассисаро ба Рӯзи Зафар табрик намуданд. Директори муассиса қайд намуданд, ки имрӯзҳо 76-умин солгарди Иди Ғалаба қайд карда мешавад, ки ин ғалаба бар ивази ҷони супурдаи 26 — миллион шаҳидони роҳи озодӣ ба даст омадааст. Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи падарони шуҳратманд аст.
   Итминони комил дорем, ки миллати сарбаланди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марзу бум ва хоки муқаддаси кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм ҳимоя ва дар фазои софу беғубор 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамонро бо дастовардҳои бузург таҷлил хоҳанд кард.
Дар охири чорабинӣ як қатор омӯзгорон — собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулии таъсисдодаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуданд ва аз тарафи бахши фарҳанги муассиса барномаи зебову дидание манзури ҳозирин гардонида шуд.