Санаи 06.05.2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», баргузор гардид.
Дар озмун зиёда аз 300-нафар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Аз ҷониби ҳайати комиссия беҳтаринҳо муайян карда шуданд ва ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.
Иштирокчиён дар асоси “Низомномаи озмун” аз рӯйи панҷ номинатсия ширкат варзида, донишу маҳорати худро санҷиданд.
   Ёдовар мешавем, ки соли сеюм аст, ки бо ибтикор ва иқдоми фарҳангпарворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад.
   Воқеан, китобро натанҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон гуфтаанд. Китоб аст, ки инсонро ба қуллаи мурод мерасонад ва дар тарбияи маънавии инсоният таъсири мусбат мерасонад.