Санаи 05.05.2021 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти № 262, фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021 таҳти № 224 ва фармоиши директори муассиса аз 28.04.2021 таҳти №19 дар муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Одиназода Латофат Амиршо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро муаррифи намуданд. Дар тақсимот намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Зуҳурзода Хуршед, сармутахассиси раёсати мазкур Сафарзода Садафмоҳ ва намояндагон аз шуъбаҳои маорифи вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Дар тақсимот 252 нафар хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии муассиса иштирок намуданд, аз ин шумора: 24- нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; 16 нафар ба вилояти Суғд; 105 нафар ба вилояти Хатлон; 40 нафар шаҳри Душанбе; 66 нафар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардиданд.