Таҳти ин унвон санаи 4-уми май дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Давлатзод Собирҷон Гаффор ва нозири ҳамин шуъба-капитани адлия Азиззода Мастона Иброҳим иштирок ва суханронӣ намуданд. Семинарро муовини директор оид ба таълим Ҳусейнов З.А. ҳусни оғоз бахшида, мақсади асосии семинари имрӯзаро ба ҳозирин баён намуд. Дар идомаи худ номбурда қайд намуд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа хавфнок буда, пешгирӣ ва муқовимат бар он аз рисолатҳои асосии ҳар шаҳрванд маҳсуб меёбад.
   Коррупсия яке аз ҳодисаҳои манфуртарини ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Мушкилоти падидаи мазкур дар фаҳми моҳият ва хосиятҳои он душвориҳои зиёд ворид месозад. Фаҳми муқаррарии он ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дониста шуда, аз ҷониби шахсони алоҳида бо мақсади бойшавии шахсӣ ва ғаразҳои дигар амалӣ мегардад. Аммо чунин фаҳми коррупсия муносибати сатҳӣ буда, асли масъаларо фаҳмонда наметавонад ва дар бисёр ҳолатҳо барои дарки амиқи он иштибоҳҳои мухталиф ба миён меорад.
   Бидуни шубҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба болоравии шиддати коррупсия дар кишвар иттилоъ дошта, борҳо таъкид намудааст, ки раванди демократикунонии ҷомеа дар рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ қарор дорад. Ба андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар созем».
   Кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуда, муҳтавои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсияро шарҳ доданд.
   Дар ҷараёни семинар донишҷӯён ва омӯзгорон ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра гирифтанд. Дар охир муовини директор оид ба таълим Ҳусейнов З.А. ба кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои иштироки фаъолонаашон дар семинар изҳори миннатдории маъмурияти муассисаро расонида қайд намуданд, ки аҳли донишҷӯён ва кормандони муассиса иқдом пеш гирифтаанд, ки зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои бузург пешвоз гиранд ва дар бунёди ҷомеаи орӣ аз амалҳои коррупсионӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳусейнов З.А. – муовини директор оид ба таълими Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ