Дар санаи 30.04.2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
   Нахуст омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ устод Ҷӯраев Ҳасан кори конфронсро оғоз бахшида, ҳозиринро ба 110-солагии устод Мирзо Турсунзода табрик намуданд. Мавсуф афзуданд, ки баргузории чунин конфронсҳои илмию адабӣ бахшида ба солрӯзи адаибону нависандагон як рамзи арҷу эҳтиром ба гузаштагони худ буда, воситаи муаррифии осори баландмазмун ва рӯзгору осори адибон ва омӯхтану аз худ намудани фарҳанги гузаштаи худ маҳсуб меёбад.
   Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маърӯзаю мақолаҳои илмӣ низ ироа гардиданд. Азҷумла мақолаи илмии устоди кафедра, таҳти унвони “Нақш ва тасвири зан дар эҷодиёти Турсунзода” аз ҷониби худи муаллиф – Мерганзода Манучеҳр ироа гардид. Зикр гардид, ки “Модарнома”-и Мирзо Турсунзода аз дигар “Модарнома”-ҳо бо чандин хусусиятҳои вижаи ба худ хос фарқ мекунад. Масалан тасвири мавзӯи занону модарон дар эxодиёти М. Турсунзода ба пояи баланди ғоявию бадеӣ расидааст.
   Тасвири мукаммалу муфассали образи модари тоҷик ба давраи баркамолии эҷодиёти шоир рост меояд. Аксари шеърҳои Модарнома, аз ҷумла, “Модарам”, “Дасти модар”, “Дили модар”, “Бигзор, зан бошад мудом”, “Зан агар оташ намешуд”, “Зан посбони оташ аст”, “Чашми ман” дар солҳои 60-70 таълиф гардидаанд.
   Дар шеъри “Дили модар” хислати модари тоҷик, ки ба серфарзандӣ майл дораду ҳангоми тӯйи арӯсии фарзанд беихтиёр ашки шодӣ мерезад, табиӣ ва самимӣ ба қалам омадааст, ба дараҷае, ки хонанда ҳолати рӯҳӣ ва туғёни қалбии модарро ҳангоми келинфурорӣ хеле хуб эҳсос мекунад.
Ба ҳамин монанд, ироаи маърӯзаҳо аз ҷониби дигар устодону омӯзгорон ва донишҷӯён сурат гирифт, ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода қироат карда шуд.
Хулоса 110-солагии устод Мирзо Турсунзода аз ҷониби пайравону ҳаводорон ва навқаламони факултети филология ва таърихи Коллеҷи омӯзгории ба номи хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: