Дар санаи 12.04.2021 дар асоси нақша чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мувофиқа бо ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулини соҳа бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсию ҳуқуқии ҷавонон таҳти унвони “ҶАВОНОН ВА 30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ” хонишҳои сиёсӣ бо ҷавонону донишҷӯёни муассиса баргузор гардид.
   Дар рафти сӯҳбат тарғиби васеъ вобаста ба дастовардҳо ва созандагиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаст, иброз гардид. Ҳамзамон оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.