Санаи 28.04.2021 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” дар мавзӯи “Омода намудани омӯзгорони соҳаи фанҳои дақиқ – тақозои замон” баргузор гардид.
   Дар конфронс Маҳмадализода Бобоҷон – сармутахассиси Раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Анвар Саидқулович- директори Маркази рушди иноватсионӣ, технологияи нави Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доргаев Анваршо- сардори шуъбаи Коммуникатсияи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раззоқов Абдуразоқ н.и.п, мудири кафедраи Методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Махкамов Мамаҷон н.и.п, дотсенти кафедраи Методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, Давлатов Раҳматулло муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ва дигар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
   Нахуст директори муассиса н.и.п., дотсент Одиназода Л. А. баромад намуда, ба ҳайати иштироккунандагон ва омӯзгорон барои ташриф ба конфронс изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Қайд гардид, ки эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” дар замони ҷаҳонишавӣ ва пешрафти техникаю технологияи асри нав, тақозои замон буда, барои пешрафт ва саноатикунонии Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Дар идомаи суханронии худ роҳбари муассиса қайд намуданд, ки дар ин сол ду нафар омӯзгорони муассиса Иқболов М ва Қодиров Ш дар Шӯроҳои диссертатсионӣ корҳои илмии худро ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои физика ва математика ва номзади илми география гаштанд. Дипломҳои номзадии онҳо бо як шаҳомат ва шукуҳ ба онҳо супорида шуд. Ин барои аҳли коллективи муассиса як дастоварди бузург мебошад.
   Дар конфронс зиёда аз 25 мақолаю маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорони соҳа ироа гардида, масъалаҳои марбут ба илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, аз ҷумла “Роҳҳои бедор кардани завқи хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ”, “Обшавии пиряхҳои Тоҷикистон – масъалаи муҳими экологӣ”, “Нақши техгологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, “Хосиятҳои биологӣ ва экологии об дар ҳаёти инсон”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои квадратӣ” ва монанди инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар охир меҳмонон дар дарсҳои кушоди омӯзгорони муассиса иштирок намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Конфронс дар як сатҳи баланд баргузор гардида, аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ ба навор гирифта шуд.