Санаи 19. 04. 2021 дар доираи гурӯҳҳои донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бахшида ба 143-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Айнихонӣ” баргузор гардид.
   Аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик оид ба зиндагинома ва осори баландмазмуни Айнӣ маълумотҳо пешниҳод карда шуда, ҳамчунин аз ҷониби донишҷӯён порчаҳои шеърӣ низ қироат карда шуд.
   Гузашта аз ин, аз ҷониби омӯзгори кафедра – Тағоев Салим маърӯза таҳти унвони “Айнӣ – омӯзгор” ироа карда шуд ва баъзе паҳлӯҳои ҷолиби осори устод Айнӣ ва саҳми ӯ дар мактабҳои усули нав ва методи таълим ба тафсил баён карда шуд. Зикр гардид, ки китоби устод Садриддин Айнӣ – “Таҳзиб-ус-сибён” ва дигар китобҳои марбут ба таълими мактаббачагон ҳамчун китоби дарсӣ дар макотиби усули нав аҳамияти аваллиндараҷаи таълимӣ дошта, ҳамчунин дорои арзишҳои илмю адабӣ ва таърихӣ низ буданд.
Ҳамин тариқ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён оид ба фаъолияти илмию адабии устод Садриддин Айнӣ ва адабиёти муосири тоҷик табодули афкор сурат гирифт ва аз осори ӯ иқтибосҳо оварда шуд.
Дар охир омӯзгорону донишҷӯён дар якҷоягӣ аз осорхонаи (хонамӯзей) устод Садриддин Айнӣ дидан намуда, расмҳои хотиравӣ низ гирифтанд.
Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,
Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ.
(Лоиқ Шералӣ)