Таҳти ин унвон дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукӯҳ ва шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.
   Директори муассиса Муҳтарам Одиназода Латофат Амиршо ҷашнвораро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро ба ин ҷашни бузурги миллӣ табрик намудаанд. Роҳбари муассиса қайд намуданд, ки: Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намуд. Акнун Наврӯз ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гаштааст. Садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.
Дар соли нави аҷдодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.
Эй болу пари озод, Наврӯз муборак бод.
Эй субҳи дили обод, Наврӯз муборак бод.
Афсонаи рангинро, ин ҳастии ширинро,
Бар рӯи шумо бикшод, Наврӯз муборак бод.