Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.
Дар санаи 19-уми март дар толори Шӯрои олимони муассиса бахшида ба Наврӯзи аҷам як қатор омӯзгорону кормандони муассиса бо унвонҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Меҳнати софдилонаи омӯзгорон Мағзумов Толибҷон, Одинаев Саидлатиф, Саидова Ҷамила ва Каримов Абдуҳаким бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, омӯзгорон Набиев Некрӯз ва Обидова Гулнора бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, зиёда аз 15-нафар омӯзгорону кормандон ва 20-нафар донишҷӯён бо Ифтихорномаи маъмурияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.