Санаи 6-уми марти соли 2021 дар толори фарҳангии коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи С. Айнӣ чорабинии адабӣ- фарҳангӣ бахшида ба 8-уми март «Рӯзи Модар» — таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» баргузор гардид. Чорабиниро директори муассиса, муҳтарама Одиназода Л.А. ҳусни оғоз бахшида, аз номи маъмурияти муассиса ҳамаи занону духтарони муассисаро табрику таҳният гуфтанд. Дар ин чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён барнома театркунонидашуда пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ як ќатор омӯзгорону донишҷӯдухтарон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пойи Модар аст,
Ҳар чӣ дорад ин ҷамоат аз дуои Модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто зери пойи Модар аст.