Санаи 22.02.2021 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ, таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат” бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён ва мењмонон гузаронида шуд.
   Нахуст директори муассиса, номзади илмҳои педагогӣ Одиназода Латофат Амиршо баромад намуда, меҳмонону устодон ва донишҷӯёнро ба ин ҷашни таърихӣ муборакбод намуданд. Қайд гардид, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои замони муосир Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ниҳоди боэътимод ва сипару муҳофизони асили ин марзу бум маҳсуб меёбанд.
Дар баробари ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ватани маҳбуби худро дӯст дорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем – зикр гардид дар суханронӣ.
   Дар чорабинӣ, ҳамчунин дастаи фарҳангии муассиса бо барномаи фарҳангии театркунонидашудаи худ баромад намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Рақсу таронаҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои тарбиявию ахлоқӣ саршор аз меҳру муҳаббати Ватани азиз аз ҷониби донишҷӯён, маҳфили имрӯзаро рангинтар гардонид. Рафти чорабинӣ аз тарафи шабакаҳои телевизионӣ ба навор гирифта шуд.
Дар охир, ба иштирокчиёну ташкилкунандагони маҳфил аз ҷониби роҳбарияти муассиса изҳори сипосу миннатдорӣ баён карда шуда, ба донишҷӯёни фаъоли чорабинӣ ифтихорномаҳо супорида шуд.
Расмҳо аз рафти чорабинӣ: