Санаи 13.02.2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикору ташаббуси роҳбарияти коллеҷ дар якҷоягӣ бо кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ҳофизхонӣ” гузаронида шуд.
   Бояд гуфт, ки дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик маҳфили илмӣ, таҳти унвони “Дӯстдори сухан” фаъолият дорад ва кафедра тасмим гирифтааст, ки дар асоси нақша-чорабинӣ то охири соли таҳсил пайваста чунин чорабиниҳоро баргузор намояд. Дар асоси нақша-чорабинии маҳфил чорабиниҳои “Саъдихонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ”, “Камолхонӣ”, “Мавлавихонӣ” ва монанди инҳо баргузор хоҳад шуд.
Дар маҳфили имрӯза нахуст мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик – Маъруфшоҳи Ҳасани Аҳмадзода маҳфили илмӣ-адабиро ифтитоҳ бахшида, ташрифи устодону донишҷӯёнро ба ин маҳфили илмӣ хуш омадед гуфт. Зикр карда шуд, ки дар баробари эҳё ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳамчунин омӯхтану таҳқиқ намудани осори пурғановати ниёгон низ яке аз самтҳои фаъолияти омӯзгорону зиёиёни миллати соҳибмаърифати тоҷик, маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, дар маҳфили “Ҳофизхонӣ” устодону донишҷӯёни муассиса бо мақолаю маърӯзаҳо ва қироати ғазалҳои ноби Хоҷаи Шероз иштироки фаъолона доштанд. Ба қавли худи Ҳофиз, ки:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мехонанду мерақсанд,
Сияҳчашмони кашмириву туркони самарқандӣ.
Ё кӣ:
Ғазал гуфтиву дурр суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди сурайёро.
   Гузашта аз ин, аз ҷониби омӯзгори фанни забон ва адабиёт – Хоркашов Муҳамадзоҳид шарҳи як ғазали Ҳофиз (Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…” сурат гирифт, ки аз он донишҷӯёну дӯстдорони ашъори шоир ғизои маънавӣ гирифтанд.
Дар қисмати хотимавии маҳфил қироати ғазалҳо аз ашъори Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби донишҷӯён сурат гирифта, ҳамчунин чанд шеъри тозаэҷоди донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз ҷониби худи муаллифон қироат карда шуд.
   Дар охир муовини директори муассиса, устод Ҳусейнов З. А. аз баргузории чунин маҳфилҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ҳамчунин таъкид доштанд, ки гузаронидани чунин маҳфилҳо аз як тараф завқи донишҷӯёнро нисбат ба шеъру шоирӣ бедор месозад ва аз ҷониби дигар посу эҳтироми адибони барҷастаи ин миллати куҳанбунёд маҳсуб гардида, дар баробари ин эҷодкорону навқаламони роҳи илм низ муаррифӣ мешаванд.
Шерозу Оби Рукниву ин боди хушнасим,
Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.