
Дар конфронс Амиров Ҷамолиддин сармутахассиси Раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Нусратулло мутахассиси пешбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Вализода Муҳаммад мудири Шуъбаи таблиғот ва итиллоот дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Бадалова Муборак мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур ва Ширинзода Наҷмиддин директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ва омӯзгорону кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Ҳамчунин, дар саҳни бинои асосии муассиса намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзию гулдӯзӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ ва ёдгориҳои қадимаи ниёгон ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дастаи ҳунарии муассиса бо барномаи ҷолибу дидании хеш хотири ҳозиринро шод гардониданд. Аз ҷониби маъмурияти муассиса ба ҳамаи иштироккунанагони конфронс сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Маъмурияти коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар оянда низ умед ба он дорад, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонони кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад.