Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Н.К. Крупская соли 1999 дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №262,аз 05.07.1999 таъсис ёфта,  ба Коллеҷи омӯзгории ба ДДОТ б номи Сдриддин Айнӣ табдил дода шудааст.

   Таълимгоҳ дар соҳаи омода  намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ саҳми арзанда гузошта истодаст.

   Ҳоло дар муассиса дар асоси иҷозатномаи мазкур чунин ихтисосҳо амал мекунанд:Коллеҷи омӯзгорӣ тибқи иҷозатномаи АУ №0002564 аз 01.10.2018 ва меъёрҳои муайянкунанда аз рӯйи самтҳои (ихтисосҳои) мухталиф мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ омода мекунад.

  1. Забон ва адабиёти тоҷик
  2. Таърих
  3. Таҳсилоти томактабӣ (баъди хатми синфи 11 ва 9)
  4. Таҳсилоти ибтидоӣ(баъди хатми синфи 11 ва 9)
  5. Нақшакашӣ ва технологияи меҳнат
  6. Санъати тасвирӣ
  7. Забони англисӣ
  8. Забон ва адабиёти рус
  9. Забони олмонӣ
  10. Математика
  11. Математика – информатика
  12. Биология
  13. География
  14. З
  15. абони хориҷӣ (англисӣ ва русӣ баъд аз синфи 9)

Дар Коллеҷ 81 гурӯҳи таълимӣ ба тариқи низоми кредитӣ фаъолият дорад.

Теъдоди умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 2370 нафар ва дар шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ  1943 нафарр ташкил медиҳад.

Дар сохтори муассиса 3 факултет ва 6 кафедра амал менамояд.

Факултетҳо

 — ФИЛОЛОГИЯ ВА ТАЪРИХ;

—  ТАБИИ-РИЁЗӢ ВА ПЕДАГОГИКА-ПСИХОЛОГИЯ;

— ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Кафедраҳо:

-кафедраи филологияи тоҷик;

-кафедраи педагогика ва психология;

-кафедраи математика ва информатика;

-кафедраи забон ва адабиёти рус;

-кафедраи забонҳои хориҷӣ;

-кафедраи таърих.

Дар ин факултетҳо 168 нафар омӯзгорон ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ машғуланд.

Аз ин шумора:

Номзадони илм -31 нафар (12 нафар ба ҳайси корманди тасвибӣ;

Докторони илм — 4нафар    (ба ҳайси ҳамкор)

Муаллими калон -52 нафар

Ассисент-  80 нафар

Аз ҷумла:  

Аспирантон- 4нафар

Докторантон(PhD)-10нафар

Унвонҷӯён- 14 нафар

Омӯзгорони н — 63 нафар

Дар баробари ин, дар иҷозатнома меъёрҳои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб низ муайян карда шудааст, ки мувофиқи он курсҳои омӯзишии зайл фаъолият доранд:

  1. Забони давлатӣ
  2. Технологияи информатсионӣ
  3. Забони русӣ
  4. Забони англисӣ
  5. Пазандагӣ

   Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва илмии донишҷӯён дар Коллеҷ махфилҳои илмии “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ”, ”Информатикони ҷавон”, “Забони ман ҷаҳони ман”, “Кишваршиносон”, “Математикони ҷавон, “Дастони моҳир”, “Санъати тасвирӣ”, “Педагог ва психологони ҷавон” амал мекунанд. Ҳамчунин нашрияи рӯзномаи “Шамъи рӯзгор” фаъолият дорад.

   Айни замон бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи иформатсионӣ ва иҷрои корҳои  илмию тадқиқоти дар Коллеҷ   172 адад  компютер, 8 тахтаи электронӣ ва 16 проектор мавриди истифода қарор доранд.

Дар Коллеҷ 89 адад компютер бо шабақаи интернет  пайваст мебошад.

Дар Коллеҷ дастаи варзишӣ , созмони  духтарон,ҷавонон,махфилҳои эҷодӣ  фаъолона амал мекунанд.

Омӯзгорони Коллеҷ  аъзои фаъоли лоиҳаи USAID,”Ҳамроҳ мехонем” ва иштирокчии семенар машваратҳои  дар мавзӯи “Тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ”мебошанд.

Соли сеюм аст, ки таълимгоҳ дар асоси шартномаи тарафайн бо Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Глазоваи Удмурдияи Русия  барои тайёр кардани омӯзгорони забон ва адабиёти рус ва забони англисӣ дар ҳамкорӣ мебошад. Дар айни ҳол 14 нафар  донишҷӯёни муассиса дар он ҷо таҳсил  карда истодаанд.