Дар санаи 6-уми феврал таҳти шиори «Ободонии шаҳр-мароми мост» бахшида ба таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз ва баҳри амалисозии иқдоми навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «Шаҳри сабз» табдил додани пойтахт дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳашарӣ умумӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари дастаҷамъона зиёда аз 70 — нафар донишчӯёну омӯзгорон иштирок намуданд. Илова ба ин, зиёда аз 110-нафар донишҷӯёну омӯзгорони муассиса дар ҳашари дастаҷамъона, ки бо ташаббуси Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Обшорон ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуданд.