Фонди  умумии  китобхонаи колеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 24672 нусха китобро ташкил медиҳад ва аз ин миқдор 11546 нусха адабиёти методӣ-таълимӣ ва 4716 нусха адабиёти бадеӣ мебошад. Китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ 1291 ва бо забони русӣ 3425 нусхаро ташкил медиҳад. Инчунин  дар китобхонаи муассиса зиёда аз 1520 нусха китобҳои илмию бадеии электронӣ мавҷуд аст.