Шамсудинова Маҳтовбӣ Абдуалимовна
Мудири кафедраи педагогика ва психология
Ассистент
Филология тоҷик
24-10-1983
Таърихи кафедра

   Баробари ба Коллеҷ табдил додани омӯзишгоҳ (1998) дар сохтори муассиса кафедраҳо таъсис ёфтаанд. Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2000-ум кафедраи педагогика ва психология ташкил карда шуд, ки мудири ав- валини он номзади илмҳои педагогика Муҳаббат Қосимов таъиин карда шуд. Аз соли 2003 то соли 2006 мудирии кафедраи мазкурро номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Пудинаев Аъзам ба зимма дошт. Аз соли 2006 то 2013 вазифаи мудирии кафедраро Масимов Масим Улуғбекович ба уҳда дошт. Солҳои 2013-2015 омӯзгори калон Идрисов Достон Рустамович ва солҳои 2015-2016 омӯзгори калон Юсупова Ҳабиба Юсуповна кафедраро роҳбарӣ намуд. Аз моҳи сентябри соли 2016 то моҳи сентябри соли 2017 омӯзгори калони кафедра Назарова Алла Сарабековна ва аз соли 2017 то 2020 вазифаи мудири кафедра номзади илмҳои педагогӣ Сатторов Асрор Қаҳҳорович ба зима дошт. Аз моҳи сентябри соли 2020 то  имрӯз мудирии кафедра ба зимаи  омӯзгори калони кафедра Шамсудинова Маҳтовбӣ Абдуалимовна вогузор карда шуд. Дар кафедра омӯзгорони соҳибтаҷриба ба монанди Назарова Алла Сарабековна, Худоёров Раҳматулло, Назарова Райҳона, Назарова Райхона Асламовна, Рахматова Садбарг Махмадсаидовна, Икромова Сурайё Ҳалилҷоновна, Кабиров Дорошо Мирзомиддинович, Шамсзода Эраҷҷони Асомуддин, ва дигарон фаъолият намудаанд.

   Айни замон дар кафедра 37 нафар омузгорони сохибтачриба фаъолият доранд. Аз теъдоди нишондодашуда 28 нафар асосӣ ва 9 нафар хамкор мебошанд. Аз ин шумора 6 нафар номзадхои илм Одиназода Латофат Амиршоҳ диретор,  Сатторов Асрор Қаҳҳорович, Саидов Низомиддин Тоҷиддинович, Расулов Сухайли Мирзоқозивич, Олимова Хосият, Асадуллоев Раҳматулло 13 нафар омӯзгори калон мебошанд.  Шамсудинова Махтовби Абдуалимовна, Назаров Алла Сарибековна, Худоёров Рахматулло Ғозакович, Назарова  Райхона Асламовна, Рахматова Садбарг Махмадсаидовна, Икромова Сурайё Ҳалилҷоновна, Кабиров Дорошо Мирзомиддинович, Шамсзода Эраҷҷони Асомуддин, Зарипов Тухта Султонович, Розиков Бедил Абдулфатохович, Шарипова Зулола Неъматовна, Меликова Малоҳат Сафаровна, Каримова Гулчехра,  9 нафар ассистент мебошад. Кассирова Шеравган Нуралиевич, Сабзалиев Сайриддин Саймурордович, Улфатов Мусиншоҳ Муродович, Қодиров Фатҳулло Махмадшоевич, Сафарова Мастона Сайфуллоевна, Холикова Сайёра Хайрутдиновна, Сафарова Гулниссо Нуруллоевна Гафурова Зебунисо, Эшова Гулчехра Самадовна 9 нафар коромӯз мебошад  Лоикова Зарина, Набиев Сазовор Амрохонович, Кутбиддинова Рамзия Шокировна, Холиков Махмадулло Абдурозикович, Мачидова Шамигул Музафаровна, Ёрматов Бахтиёр Рахматуллоевич, Бегов Дониёрбек Ашурович, Хайруллоева Карима Исматуллобековна, худобахшова Махфират Шералихоновна.  Омӯзгорони кафедра дар баробари таълим ва тарбияи донишҷӯён, инчунин, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.

   Кафедраи педагогика ва психология бо дигар кафедраҳо, аз ҷумла кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни, кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҳамкории муштаракро ба роҳ мондааст.

   Омӯзгорони кафедра дар тӯли фаъолияти худ ба дастовардҳои зиёд ноил гардидаанд: таъмини донишҷӯён бо маводҳои таълимию методӣ, аёниятҳо, ташкили конфронсҳои илмӣ — ҷумҳуриявӣ, семинарҳои илмию методй ва тарбиявӣ, ба танзим даровардани барномаҳои фаннӣ, нақшаҳои корӣ, нақшаҳои инфиродии омӯзгорон, барномаи васеи кории омӯзгор дар мадди аввал гузошта шудааст. Меҳвари асосии фаъолияти кафедраро ин наздик намудани раванди таълим ба сохтори мактаби олӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Таҳияи матнҳои лексияи фанҳои таълимӣ ки дар ҷаласаҳои кафедра муҳокима шудаанд, ташкили семинарҳои илмӣ, методӣ, таълимию тарбиявӣ, ширкат ба дарсҳои ҳамдигар, ташкили дарсҳои кушод, навбатдории омӯзгорон дар кафедра, хобгоҳи донишҷӯён ва қироатхонаи муассиса аз қабили чунин чорабиниҳо маҳсуб меёбанд.

   Омӯзгорони кафедраи педагогика ва психология монанди дигар кафедраҳои Коллеҷ барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ташаккули маърифатнокии донишҷӯён, тарбияи маънавӣ ва ташаккули худшиносию худогоҳии онҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Дар кафедра вобаста ба фанҳои таълимӣ маводҳои таълимӣ ба нашр расидаанд: комплекси таълимӣ — методӣ аз фанни педагогика, комплекси таълимӣ — методӣ аз фанни психологияи умумӣ, таърихи педагогикаи ҷаҳон, луғати тафсирии истилоҳоти психология, ташаккули маҳорат ва қобилиятҳои омӯзгорӣ, одоб ва психологияи ҳаёти оилавӣ, бозиҳои дидактикӣ, психология дар саволу ҷавоб, педагогикаи умумӣ, ташаккулёбии фарҳанги зебошиносии муаллимони оянда дар равандӣ таҷрибаомӯзии педагогӣ, роҳнамои таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, роҳнамои донишҷӯ, инчунин, барномаҳои фанни: педагогика, психология, методикаи тарбияи мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ, санъати тасвирӣ, назария ва методикаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи кӯдак, психологияи бачагона, педагогикаи томакгабӣ, назария ва методикаи инкишофи фаъолияти тасвирии кӯдак (расмкашӣ ва шаклсозӣ), пракгикуми психологияи педагогӣ, таҷрибаи логопедия, ритмика ва хореография ва маърифати оиладорӣ.

Ҳайати омӯзгорон
Ному насаб Дараҷа ва унвони илмӣ Суроғаи почтаи электроӣ Телефон
1 Одиназода Латофат Амиршоҳ н.и.педагогӣ
2 Шамсудинова Маҳтовбӣ Абдуалимовна ассистент 904241083
3 Сатторов Асрор Қаҳҳорович н.и.педагогӣ (мудир) 901408848
4 Назарова Алла Сарибековна омӯз- калон 900180459
5 Худоёров Раҳматулло Ғозакович омӯз — калон 935471019
6 Назарова Райҳона Асламовна омӯз — калон 926375846
7 Раҳматова  Садбарг Маҳмадсаидовна омӯз — калон 919434342
8 Худобахшова Махфират Шералихоновна коромӯз 501020997
9 Кабиров  Дорошо Мирзомиддинович омӯз — калон 907170329
10 Шамсзода Эраҷҷони Асомудин омӯз — калон 908871060
11 Лоиқова Зарина Маҳмадкаримовна коромӯз 915363694
12 Кассиров Шеравган Нуралиевич ассистент 935080406
13 Сабзаалиев Сайриддин Саймуродович ассистент 985573365
14 Зарипов Тухта Султонович омӯз — калон 907830698
15 Улфатов Мунисшоҳ Муродович ассистент 919505740
16 Қодиров Фатҳулло Махмадшоевич ассистент
989050909
17 Сафарова Мастона Сайфуллоевна ассистент 881112236
18 Розиқов Бедил Абдулфатоҳович омӯз — калон 917823762
19 Холиқова Сайёра Хайрутдиновна ассистент 915170767
20 Сафарова Гулниссо Нуруллоевна ассистент 918200239
21 Гафурова Зебунисо ассистент 887080846
22 Саидов Низомиддин Тоҷидинович н.и.педагогӣ 909881055
23 Набиев Сазовор Амрохонович коромӯз 989095132
24 Асадуллоев Раҳматулло н.и.педагогӣ
25 Қутбиддинова Рамзия Шокировна Донишҷуи курси 5 501119902
26 Холиқов Маҳмадулло Абдурозиқович коромӯз 937462001
988785826
27 Маҷидова Шамигул Музафаровна коромӯз 917336161
28 Ёрматов Бахтиёр Раҳматуллоевич коромӯз 944666644
29 Шарипова Зулола Неъматовна омӯз — калон 927392266
30 Расулов Суҳайлӣ Мирқозиевич док илми филол, профессор 939255703
31 Меликова Малоҳат Сафаровна омӯз — калон 905333880
32 Каримова Гулрухсор омӯз — калон 915185661
33 Бегов Дониёрбек Ашурович коромӯз 985006500
900656665
34 Хайруллоева Карима Исматуллобековна коромӯз 501836973
35 Олимова Хосият Номзади илмхои филологӣ 917160791
36 Эшова Гулчехра Самадовна ассистент 935059050
37
Фннҳои таълими

Дар кафедраи мазкур омӯзгорон аз рӯйи аз 12 фанни таълимӣ:

  • Педагогика;
  • Психология;
  • Санъати тасвирӣ;
  • Технологияи амалӣ;
  • Тарбияи ҷисмонй;
  • Методикаи тарбияи ҷисмонӣ;
  • Суруд ва мусиқӣ;
  • Методикаи суруд ва мусиқӣ;
  • Маърифати оиладорӣ;
  • Методикаи таълими корҳои тарбиявӣ
  • Асосҳои нақша ва нақшакашӣ
  • Методикаи таълими технологӣ ва нақшакашӣ ба донишҷӯёни таълимгоҳ дарс мегӯянд.

   Аз ҳамаи ин фанҳо барномаи корӣ, силлабус, маҷмӯи тестҳо, маводҳои таълимию методӣ дар шаклҳои электронӣ ва чопӣ мавҷуданд.

Дар назди кафедраи педагогика ва психология 4 маҳфили фаннӣ амал менамояд:

  • Маҳфили педагогони ҷавон;
  • Маҳфили психологони ҷавон;
  • Маҳфили дастони моҳир;
  • Маҳфили варзишгарон.

Кафедра донишҷӯёнро аз рӯи ихтисосҳои зерин ҳамчун мутахассис омода менамояд:

  • Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ; (мурабияи кӯдакистон ва ширхоргоҳҳо)
  • Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ; (омӯзгори синфҳои ибтидоӣ)
  • Ихтисоси санъати тасвирӣ; (омӯзгори санъати тасвирӣ)
  • Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ба забони тоҷикӣ (баъд аз синфи 9);
  • Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ба забони тоҷикӣ (баъд аз синфи 9); (омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо забони тоҷикӣ)
  • Ихтисоси таҳсилоти томактабӣ ба забони руссӣ (баъд аз синфи 9); (мурабияи кӯда- кистон ва ширхоргоҳҳо бо забони русӣ)
  • Ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ба забони руссӣ (баъд аз синфи 9); (омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо забони тоҷикӣ).

Кафедра ҳамасола мувофиқи нақшаи кории солона ва нақшаи солонаи шӯрои методӣ чорабиниҳои илмӣ, методӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва фарҳангиро мегузаронад.

Омӯзгорони кафедра дарсҳои хешро бо истифода аз тахтаи электронӣ, презентатсияҳо, айёниятҳо ва видео роликҳо ба роҳ мондаанд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра дар ҳамаи ҷашнҳои давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ дар қатори дигар омӯзгорону донишҷӯён пешсаф мебошанд.