Имрӯз дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айни бахшида ба 70-солагии собиқ директори Коллеҷ Мастура Нозимовна мизи мудаввар дар мавзӯи “Равшангари донишу маърифат “баргузор гардид.
   Мастура Қосимова аз зумраи он омӯзгороне ҳастанд, ки рӯзу рӯзгорашонро вақфи донишандӯзии илмомӯзон намуда, дар парвариши насли омӯзгори ҷавон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе садоқатмандона заҳмат кашидааст.
   Мавсуф худ махзани илму маърифат ва дониш аст. Омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат ҳузури ин муаллимаи пухтакору меҳнатқаринро мояи ифтихори муассиса медонанд. Чун авроқи зиндагиномаашро варақгардон мекунӣ, ҳамеша ӯро пайи иҷрои коре дармеёбӣ, ки баҳри беҳбудиву пешрафти соҳаи маориф равона шудааст.
   Имрӯзҳо, ки синни мубораки муаллимаи азиз ба ҳафтод расидааст ва инсолрӯзи муборак ба муаллимаи маҳбубу меҳрубон тани сиҳату шодмонӣ эҳдо намуданро хоҳонем.
Ҳафтодумин баҳори умр барои Шумо фархундаву ҳумоюн бод, муаллимаи гиромӣ! Баҳоре, ки ҳамеша сабзиву хуррамиро ба ҷомеа мепошад, бо камоли садоқатмандӣ ва меҳри беандоза шодбош мегӯем ва баҳратон баҳори бехазонро таманно намуда, аз забони Хоҷа Ҳофиз гуфтанием:

Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод.

Маъмурияти Коллеҷ