Имрӯз дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Сада бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

   Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, маҳз бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё карда шуд.

   Ҷашни Сада таърихи беш аз шашҳазорсола дорад ва Тоҷикистон барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.

   Баъди расидан ба Истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.

   Бо шарофати Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳуввияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳимми хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.

   Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо  намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.

   Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.

   Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мадагори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозад.

   Ҳамчунин бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар сарорсаи мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳуввияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархурдор шаванд.

Ҷашни Сада  ба яко яки Шумо муборак бошад, дӯстони азиз!!!