Дар коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси мактуби Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва супориши Протоколии   Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо дарназардошти таҷлили Иди «Наврӯз» ва баргузории дигар чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ дар пойтахт дар санаи 30-юми январ ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳашар омӯзгорон, донишҷӯёну кормандони муассиса бо дасту дили гарм ва ба хотири ободонию гулгулшукуфии муассиса ва пойтахти азизамон дар тоза гардонидани роҳравҳову биноҳои таълимӣ ва гулгаштҳо фаъолона иштирок намуданд.

   Донишҷӯёни муассиса дар ин рӯз инчунин дар ҳашари умумие, ки дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гашт, иштироки фаъолона намуда, барои тозаву озода нигоҳ доштани як гушаи Душанбешаҳри азиз саҳми арзандаи худро гузоштанд.