ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 январ дар Душанбе бо мақсади тақвият бахшидани фаъолият дар самти хизматрасонии босифати  тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон  машварати онлайнӣ доир гардид.

Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарон ва намояндагони таваллудхонаҳо, муассисаҳои Кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласа масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва пешгирии фавти модарон ва кӯдакон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият дар ин самт аз ҷониби муовини вазир Зулфия Абдусаматзода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Зикр шуд, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин самт давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили «Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» (с.1993), «Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон» эътироф карда шудаанд.

Баҳри паст намудани беморшавӣ, фавти кӯдакон ва расидан ба ҳадафҳои  рушди устувор  дар соҳаи ҳифзи хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон масъалаҳои афзалиятноки соҳа-ин беҳтар намудани  хизматрасониҳои тиббӣ ба занҳои ҳомила, навзодон, кӯдакон, ғизои солим, иммунизатсия, солимгардонии кӯдакони маъюб ва саломатии наврасон боқӣ мемонанд.